Sebiston new 2024 october
Дар шумораи №27-уми ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
1483

Чанд соли охир тоҷикистониён тавассути барномаҳои гуногун на танҳо ба Русия, балки ба Амрикову Аврупо низ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта истодаанд. Қаҳрамони мо аз рубрикаи “Иродаи зан” Самина Мирзоалиева тӯли се сол мешавад, ки дар Олмон ҳам касб меомӯзад ва ҳам кор мекунад.

Чаро занҳо аз тарси як умр танҳо мондан «бахт бахти аввал аст» гуфта, хомӯшона ба ҳама ҷабру ҷафои шавҳар тоқат карда мегарданд? Посухи ин суолро дар рубрикаи “Назарпурсӣ” таҳти унвони “Бахт бахти аввал аст?” пайдо кардан мумкин аст.

“Зани дуюм кист?” қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагӣ ва сарнавишти як зан, ки бо амри тақдир зани дуюми марди зандор мегардад, нақл мекунад. Феълан дар ҷомеаи мо занҳои зиёде сарнавишти муаллифи қиссаи мазкурро доранд ва баъд аз мутолиаи он инсон ба андеша меравад, ки воқеан зани дуюм кист?

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро таҳти унвони “Коре накардаам, ки пушаймон бошам” бо ровии хушсадову хушсимо ва муваффақи радио Зарнигори Рустам оид ба тамоми паҳлуҳои зиндагиву кораш мутолиа намоед.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии сарояндаи шинохта Рустам Азимӣ маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

“Нафаси аҷал”. Чунин унвон дорад, қиссаи дилошӯбе, ки таҷассумгари сарнавишти садҳо зани тоҷик аст. Дар қиссаи мазкур зани тоҷик як умр заҳмат мекашад, хона бунёд мекунад, фарзанд ба воя мерасонад, ба тамоми пастиву баландии зиндагӣ тоқат мекунад, вале дар айни ширинии умр аҷал аз гиребонаш мегирад.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Малҳами ҳамранг зарар дорад?” ва “8 мевае, ки ба кӯдакон фоидаи зиёд доранд” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” таҳти унвони “Ислом ва либос” мавод дарҷ гардидааст. Ҳамзамон ба саволҳои хонандагон таҳти унвони “Намози муҳоҷир чӣ тавр хонад мешавад?”, “Крем рӯзаро мешиканад?”, “Ҳайзи ногаҳонӣ”, “Беэҳтиромӣ ба рӯзнома?” ва “Закот ба ҷои зани насронӣ”, “”Намоз дар ҳавопаймо”, “Пешинро ним соат пеш хонам?” аз ҷониби мутахассисони Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Хоб бинӣ, ки хонаатро сел бурдааст?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед. Ҳафтаи равон дар саҳифаи мазкур номаи як муҳоҷир таҳти унвони “Беномусии шавҳарам маро ба Туркия бурд” пешниҳод гардидааст.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагон таҳти унвони “Маро ҷоду карданд, оча!”, “Ба зани шавҳардор чӣ кор дорӣ?”, “Чаро занҳои калонсол серхаридор шудаанд?” дарҷ гардидааст.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД