Formula novemver 2024
Дар шумораи 18-уми ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
2053

 

Рубрикаи “Назарпурсӣ” таҳти унвони “Ҳамсари босавод мехоҳед ё бесавод?” фикру ақидаи ҷавонону духтаронро дар мавриди саводнокии зану шавҳар баён менамояд.

Дар рубрикаи “Маърифати оилавӣ” таҳти унвони “Пардохтҳои ғайринақдӣ” Шомил Иззатзода, намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон аҳамият ва манфиати истифодаи пардохтҳои ғайринақдиро ба мардум шарҳ додааст. Номбурда роҳҳои чӣ гуна истифода бурдани корту ҳамёнҳои мобилӣ ва ба доми қаллобон наафтодан, истифодаи мақсадноки пул ва сохтани буҷаи оила, танзим намудани хароҷоти оила маслиҳат додааст.

“Пушаймонӣ” зиндагиномаи мардеро тасвир мекунад, ки ба қадри зани поку оилаи ҳалолаш нарасида, билохира ба садама гирифтор мешавад.

“Шавҳарамро 3 талоқ кардам” чунин унвон дорад, қиссаи навбатӣ дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома. Қиссаи мазкур аз зиндагиномаи зане навишта шудааст, ки аз мушту лагади шавҳари бекорхӯҷа ва тайёрхӯраш, аз зиндагонии нобасомон, аз ноадолатиҳои пайвандони шавҳар ҷонбезор шуда, шавҳарашро талоқ медиҳад.

Дар рубрикаи “Чеҳра” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро оиди пайроҳаи ҳунарӣ ва зиндагиву фаъолияти сарояндаи маҳбубу хушсадо Гулбаҳор Шокирова мутолиа намоед.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии омӯзгор ва блогери шинохта Беҳрӯз Ҳафизов маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед. Ҳафтаи равон дар саҳифаи мазкур таҳти унвони “Муҳоҷирати меҳнатӣ ба Англия, Корея ва Аморати Муттаҳидаи Араб“ маводеро оид ба муҳоҷират ва мушкилоти он мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Мӯйи солим хоҳӣ, витамин хӯр!”  ва "Фоидаи меваю сабзавоти сурх” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” тақвими вақтҳои намозро барои моҳи май, ки аз ҷониби Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар омода гардидааст, дастрас карда метавонед.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Шавҳари собиқро хоб дидан чӣ таъбир дорад?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Дар ҷавонӣ бой шуда, бадбахт шудам”, “Модарам дар дами марг занг заду... ”, "Оишаро фаромӯш кун, бародар!" дарҷ гардидааст.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД