Ҳангоми чорвочаронӣ дар чарогоҳи кӯҳӣ як сокини 17-солаи деҳаи Себзори ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд бар асари бархӯрди раъду барқ дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
- КҲФ борҳо сокинонро аз хатари раъду барқ огоҳ карда буд. Ду рӯз пеш аз эҳтимоли борону раъду барқ огоҳӣ додаву аз сокинон хоста буд дар ин рӯзҳо ба саҳрову дашт ва доманакӯҳҳо ба ғунучини ҳезуму гиёҳ, моҳидорӣ дар соҳили обҳо ва чорвочаронӣ дар чаророгоҳҳо худдорӣ кунанд. Мутаассифона, на ҳама ба тавсияҳо ва ҳушдорҳо гӯш медиҳанд ва баъзан ин гуна худсариҳо боиси фоҷеа мешавад,- изҳори нигаронӣ мекунад манбаъ.
Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар сурати пеш омадани ҳолати фавқулода бо ёрии телефонҳои 93-880-28-19, 221-91-19, 223-13-11 ба ёрӣ даъват кунанд.