Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 боғчаи нави бачагона бунёд хоҳад гашт. Дар ин бора Фурқатҷон Саидов, сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода зимни суҳбат бо хабарнигорон иттилоъ додааст.
Кӯдакистонҳои нави ба муносибати ҷашни Истиқлол сохташаванда барои 1012 кӯдак пешбинӣ гашта, аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти Турсунзода бунёд мегарданд.
Айни замон дар Турсунзода 20 ширхоргоҳ-кӯдакистон фаъолият дошта, 2630 нафар кӯдакон дар ин муассисаҳои томактабӣ ба тарбия фаро гирифта шудаанд.