goodwell
Дар шаҳри Кӯлоб 5 нафар ҳангоми қиморбозӣ боздошт шудаанд
30.04.2026
Oila.tj
71

Бо гирифтани ахбороти оперативӣ ва коркарди он кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Кӯлоб як ҳолати ташкили қиморбозиро дар ҳудуди шаҳри мазкур ошкор намудаанд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, шаҳрвандон Гадоев Дилшод Ҷураевич, соли таваллудаш 1993, Некбахти Бозоралӣ, соли таваллудаш 1992, Наимов Комрон Хайруллоевич, соли таваллудаш 1990, Мирзоев Хайрулло Абдуллоевич, соли таваллудаш 1989, Астанақулов Даврон Салимович, соли таваллудаш 1987 истиқоматкунандагони шаҳри Кӯлоб мебошанд, ки дар ҳайати гурӯҳӣ давраи қиморбозӣ ташкил кардаанд.

Ҷамъияти 5-нафара ба бозии бурдноки пулӣ машғул шудаанд, ки бурди пулӣ онҳоро сарҷамъ намудааст. Макони баргузорӣ асосан бинои сохтмони нотамом, воқеъ дар маҳаллаи Исмоили Сомонӣ интихоб шуда, усули анъанавии бозӣ бо карта истифода мешудааст.

Кормандони милитсия ин ҷамъияти қиморбозонро дар болои бозии саргармкунанда боздошт ва нисбати ҳар кадоми онҳо барои машғул шудан ба қиморбозӣ бо дастрасии талаботи моддаи 465-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД