Дар рӯзи аввал моҳи шарифи рамазон дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе-хиёбони Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон садамаи сахти нақлиётие рӯй дод, ки бар асари он чандин мошинҳо зарар диданд.
Аниқтараш автбусе аз роҳ баромада, якбора 7 таксиро, ки дар канори роҳ истода буданд, зер кард.
Ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдеро ба миён овард. Аксарият сабаби ин ҳодисаро дар”пойга” маънидод мекарданд, вале ниҳоят пас аз чаҳор рӯзи сар задани ин садама сабаби аслии ҳодиса муайян карда шуд.
Тавре Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар додааст, дар рафти тафтишот муайян шудааст, ки ҳангоми сар задани ин ҳодиса ронандаи автобуси мусофиркашони ККВД «Автобус-1», хатсайри – 33, Назар Назаров ҳушёр буда, арақ ё ягон маводи спиртӣ нанӯшидааст. Дар таркиби хуни ронанда набудани маводҳои машруботӣ ва нашъаоварро тасдиқ шудааст, аммо худи Назаров иқрор шудааст, ки нос мекашад ва дар моҳи шарифи Рамазон аз сабаби рӯзадор будан, хумори нос ё бар асари бехобӣ дар сари чамбарак хобаш бурдааст.
Азбаски касе дар ин садама осеб надидааст, ронанда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, вале тафтишот идома дошта, моддаи дақиқи ҷавобгарӣ баъдан маълум мешавад.