Салом ба кормандон ва хонандагони сомонаи писандидаам “Оила”. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба ман кӯмак расонед!
Духтари 19 солаам. Дар шаҳри Душанбе ба дунё омадаам, вале духтари шаҳрӣ ҳам бошам, забони русиро намедонам. Чанде пеш маро бо ҷавоне фотиҳа карданд.
Ҷойи кори номзадам дар Маскав будаасту маро баъди тӯй ҳамроҳаш ба Русия бурдан мехостааст. Мехоҳам бо ягон духтараке дугона шавам, ки забони русиро хуб донад ва ба ҳоли ман нахандида, ин забонро кам-кам ба ман ёд диҳад, то баъди тӯй кайсингилҳоям маро мазоқу масхара накунанд. Шахсе, ки дар ин масъала ба ман ёрӣ медиҳад, бе мукофот намемонад!
Бо эҳтиром, мухлиси "Оила"