35 years of independency
Дар Рӯшон ба 10 оилаи аз сел зарардида манзилҳои нав тақдим шуд
02.10.2026
Oila.tj
117

Ба 10 оилаи деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон, ки бар асари сели харобиовари моҳи июл хонаҳояшон пурра вайрон шуда буд, манзилҳои нав дода шуд.

Калиди хонаҳои навро 30-юми сентябр раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода ба соҳибони онҳо супорид.

Сел 20-уми июл дар ноҳияи Рӯшон омада, дар маҷмуъ ба 40 хона зарар расонида буд. Аз ин шумора 10 хона пурра ва 13 хона қисман хароб шуда, 13 манзили дигар осеби сабук дида буданд. Барои оилаҳое, ки хонаҳояшон қисман зарар дида буд, қитъаи замин ва масолеҳи сохтмонӣ ҷудо карда шудааст. Манзилҳои осеби сабукдида низ пурра тоза карда шудаанд.

Дар маҳали сохтмони хонаҳои нав деҳаи наве бо номи «Истиқлол» бунёд шудааст. Дар назар аст, ки дар ин деҳа мактаб, кӯдакистон ва майдончаи варзишӣ низ сохта шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД