Дар “Роғун” филми “Нерӯи ишқ”-ро ба навор мегиранд
202

Коргардони ҷавон ва болаёқати тоҷик Муҳаммадрабӣ Исмоилов тасмим гирифтааст, ки дар бораи нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” як силсилафилми ҷолиби бадеӣ ба навор бигирад. Дар ин бора худи коргардон зимни суҳбат бо журналистон хабар додааст.

Филми мазкур “Нерӯи ишқ” ном дошта, қиссаи ишқу муҳаббати ду корманди ин нерӯгоҳ - Таҳминаи табиб ва Рустами кӯҳканро бозгӯ мекунад.

“Дар пасманзари муҳаббати ду дилдода, мо бузургии НБО-и “Роғун” ва қаҳрамонии ҳар як коргари нерӯгоҳро нишон медиҳем”,- гуфтааст Муҳаммадрабӣ Исмоилов.

Нақшҳоро дар ин силсилафилм Ҷовидони Маҳмад, Томирис Хуршедзода, Манучеҳр Ҳабибов, Салоҳиддин Шукуров, Шодӣ Солеҳ, Шуҷоати Ҷамолиддин, Ғолиб Исломов ва дигар ҳунармандони тоҷик мебозанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД