Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз аз 15 то 17-уми март дар варзишгоҳи шаҳри Панҷакент мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ баргузор мешавад.
Тавре ТВ “Варзиш” бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқа гурӯҳи корӣ бо иншооти варзишии шаҳр шинос гардидааст.
Бояд зикр намуд, ки гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) соли 2022 мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.