Formula novemver 2024
ДАР ОҒӮШИ ШАВҲАРАШ БА МАН SMS МЕНАВИСАД
16.01.2021
ОИЛА
8813

 Бо Малика ном духтараки деҳотӣ тариқи телефон шинос шудам. Барои санҷиш Маликаро ба вохӯрӣ даъват намудам. Омад. Ҳусни гулӯсӯзаш писандам омаду дигар ӯро аз даст додан нахостам. Ҳамин тавр мо бо ҳамдигар аҳду паймон бастем. Меҳрам нисбаташ рӯз то рӯз меафзуд ва кор ба ҷое расид, ки Маликаро ба сояи худам рашк мекардагӣ шудам.

Дарсҳоям сар шуданд, акнун вақтам камтар буд ва ба Малика танҳо СМС менавиштам. Шабе қарибиҳои соати 11 худаш занг зада гуфт, ки маро ба писархолаам доданиянд, вале ман туро дӯст медорам ва корам шабу рӯз гиряву нола кардан шудааст. Маликаҷон, камтараки дигар тоқат кун, ҳамин, ки акаамро хонадор кардем, албатта хонаатон хостгор мефиристам гуфта, вазъиятро фаҳмондам. Чизе нагуфта гӯшакро монд. Аз байн чанд рӯзи дигар гузашту боз худаш занг зад ва маро ба вохӯрӣ даъват кард. Хурсанд шуда ба дидорбинӣ рафтам, вале Маликаам даъватномаи тӯяшро ба дастам дода гуфт, ки тақдир чунин будааст ва ӯ наметавонад ба рӯйи модараш по монда аз издивоҷ бо писархолааш саркашӣ кунад. Ҳамдигарро оғӯш карда, хеле гиристему бегоҳ ман Маликаро ба хонаашон гусел кардам.

Хуллас, Маликаи маро тӯй карда буданд. Рӯзи тӯяш наздам омад ва хеле гириста талаб намуд қавл диҳам, ки то ҷон дар бадан дорам, ҳеҷ гоҳ ӯро фаромӯш намекунам. Барои тасаллои дилаш ваъда додам ва Маликаи ишқамро бо дили хунчакон ба ҷавони дигар супурдам.

Аз байн ду сол гузашт. Дар ин миён ман бо духтараки дигаре шинос шуда, аҳди ишқу муҳаббат бастам. Ба наздикӣ тӯйи хонадоршавиамро гузарониданиам, вале Малика маро ором намегузорад. Зани шавҳардор бошад ҳам, ҳанӯз ҳавои ишқро аз сараш берун накардааст ва дар оғӯши писархолааш хобида истода ба ман СМС-ҳои ошиқона менависад. Чандин маротиба гуфтам, ки ту занаки шавҳардорӣ, ҳам худат ва ҳам маро шармандаи дӯсту душман насоз, вале Малика маро фаҳмидан нахоста, номарду беаҳду бепаймон мехонад. Шабу рӯз СМС менависад. Метарсам, ки ягон рӯз шавҳараш аз ин кораш бохабар мешаваду Малика хонавайрон ва ман таънасори хешу табору ҳаққу ҳамсояҳо мешавам. Илтимос, маслиҳат диҳед, бо ин зани дилбохта чӣ кор кунам?

Файзалӣ, аз маҳаллаи 46

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД