arzon replenishment
Дар Новосибирск арзу ниёзи 120 муҳоҷири тоҷикро пурсиданд
802

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират дар шаҳри Новосибирск бо гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар корхонаи нонпазии ҶС “Хлебокомбинат Инской” кору фаъолият менамоянд, вохӯрии судманд доир намуданд.

Дар корхонаи мазкур зиёда аз 120 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд ва барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.

Масъулини Намояндагӣ бо кормандони ин корхона доир ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ, танзими ҳуҷҷатҳои будубош ва дигар масъалаҳои муҳим суҳбат намуданд. Зикр гардид, ки фаъолияти қонунӣ имкони дифоъ аз ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷиронро фароҳам меорад ва дар ҳолати сар задани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот корфармо ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои он тадбирҳо меандешад.

Таъкид гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва ифротгарову хурофотпараст дурӣ ҷуста, шабакаҳои иҷтимоиро самаранок истифода баранд ва дар лаҳзаҳои фориғ аз фаъолияти меҳнатӣ ба китобхонаҳо, театрҳо ва осорхонаҳо, ки боиси васеъ гаштани ҷаҳонбинии инсон мегарданд, рафта, ғизои маънавӣ бигиранд.

Дар рафти мулоқот ба муҳоҷирон дар бораи Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 30-юми декабри соли 2024, ки таҳти №1126 ба тасвиб расидааст ва тибқи он шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвари иқомат бе ҳуҷҷати расмӣ фаъолият доранд, метавонанд то 30-юми апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошашонро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд, маълумот дода шуд.

Дар охир бо муҳоҷирон саволу ҷавоб сурат гирифта, намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон розу ниёзи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро пурсон шуданд ва ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД