Аз оғози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 2 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки беш аз 180 миллион долларро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) 96 ширкати ватаниву хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар вилояти Суғд 35, Данғара 34, Кӯлоб 8, Панҷ 14 ва Ишкошим 5 субъект мавҷуд аст. Субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба истеҳсоли конструксияҳои металлӣ, ноқилҳои барқӣ, маснуоти металлӣ-пластикӣ, маснуоти сохтмонии ороишӣ, мебел ва маводи шустушӯӣ машғуланд.
Тибқи маълумот, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2023-юм 445,6 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2022-юм 25,4 миллион доллар зиёд аст.