arzon replenishment
Дар Майдони Истиқлол арчаи солинавӣ гузоштанд
302

 

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вобаста ба пешвоз ва ҷашнгирии Соли нави мелодии 2024, аз ҷониби МД «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» дар майдони Истиқлоли пойтахт арчаи солинавӣ гузошта шуд.

Арчаи солинавӣ 30 метр баландӣ ва 16 метр паҳноӣ дошта, бо ороишоти барқӣ-иллюминатсионӣ ва бозичаҳои солинавӣ оро дода шудааст.

Инчунин баҳри фароғат ва тамошои сокинону меҳмонони пойтахт дар атрофи арчаи унсурҳои ороишии гуногуни барқӣ-иллюминатсонӣ, аз қабили дарвозаҳои рамзии шаҳраки солинавӣ, фаввораҳо навиштаҷоти «2024», аркҳои гуногуншакл, бозичаҳои калонҳаҷм, арчаҳо ва дарахтҳои гуногун, одамчаҳои барфӣ, хонаи бобои барфӣ, персонажҳои аниматсионӣ аз филмҳои тасвирӣ, чархофалакҳо ва ғайраҳо гузошта шудаанд, ки дар ҳақиқат ба як шаҳраки зебо ва дилрабои солинавӣ табдил ёфтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД