Раиси шаҳри Маскав тасмим гирифтааст, ки бо харҷи 52 миллион рубл муҷассамаи Иосиф Кобзон, овозхон, Ҳунарманди мардумии Украина ва Иттиҳоди Шӯравӣ ва ходими сиёсию ҷамъиятии русро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав гузорад.
Евгений Ҳеросимов, раиси комиссияи Маҷлиси шаҳрии Маскав оид ба корҳои фарҳангӣ ва робитаҳои умумӣ нақшаи гузоштани муҷассамаи овозхонро тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи Кетеван Хараидзе, раиси Кумитаи давлатии сохтмонӣ ва вакили Маҷлиси ноҳиявии Твер тасмими ниҳоии бунёди ҳайкал аз натиҷаи овоздиҳӣ дар Шӯрои вакилони ноҳияи Твер вобаста аст. Иосиф Кобзон 11-уми сентябри соли 1937 дар шаҳри Часов Яри Украина ба дунё омадааст. Соли 2005 табибон дар вуҷуди ӯ бемории саратонро ташхис мекунанд. Овозхон баъди 13 соли беморӣ, 30-юми августи соли 2018 дар синни 80-солагӣ аз дунё гузаштааст. Ӯ се маротиба оиладор шуда, 2 фарзанд ва 7 набера дорад.