Commerc banl
Дар мактабҳо барои кӯдакони 6 сола 180 ҳазор ҷойи нишаст намерасад
11.03.2026
Оила
51

Дар мактабҳо барои кӯдакони 6 сола

180 ҳазор ҷойи нишаст намерасад

Монеъаҳои асосӣ барои гузаштан ба низоми таҳсилоти 12 сола дар Тоҷикистон

Тоҷикистон тасмим дорад, ки ба низоми таҳсили 12 сола гузарад, вале яке аз монеъаҳои асосӣ дар ин самт нарасидани ҷойи нишаст барои хонандагони синни 6-сола мебошад.

Тавре ки Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ва илми кишвар зимни нишасти хабарӣ гуфт, теъдоди кӯдакони шашсола дар Тоҷикистон 250 ҳазор нафар аст, вале мактабҳои кишварамон танҳо иқтидори қабули 66 ҳазор кӯдакони ин синну солро доранд. Дар сурати гузариши пурра ба низоми таҳсили 12 сола 184 ҳазору 640 хонанда метавонад ба мушкили норасоии ҷойи нишаст рӯбарӯ гарданд.

Омода намудани омӯзгорони иловагӣ, таъмини хонандагон бо адабиёти таълимӣ, тайёр кардани барномаи таълимӣ, сохтани синфхонаҳои иловагӣ мушкилоти дигари ин самт буда, аз ҳамин сабаб гузариш ба низоми таҳсили дувоздаҳсола марҳила ба марҳила амалӣ мегардад.
Айни замон низоми таҳсилоти 12 сола дар 180 кишвари ҷаҳон амал мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД