Дар шаҳри Лондон барномаи илмӣ-фарҳангӣ зери унвони "Рӯдакӣ - падари шеърӣ форсӣ, дарӣ/тоҷикӣ" дар донишгоҳи SOAS аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Британия баргузор шуда, дар доираи ин барнома пардабардорӣ аз нимпайкараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сурат гирифт.
Бино ба иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар оғоз сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир Рухшона Раҳмон ба барнома ҳусни оғоз бахшида, ду нафар аз профессорони донишгоҳи SOAS суханронӣ намуда, нимпайкараи Рӯдакиро дар ҷамъи меҳмонон рӯнамоӣ кардаанд.
Сипас президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Дагихудо Дагиев, Отамбек Мастибеков, Гулсифат Шаҳидӣ, Фирӯза Абдуллоева - Мелвилл, инчунин корманди донишгоҳи SOAS Наргис Фарзод ва Ҷеймс Вайт аз Оксфорд перомуни корнома ва шахсияти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сухан гуфтаву осори шоирро ироа кардаанд.
- Бояд гуфт, ки дар таърихи дипломатия ва фаъолиятҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аввалин барномаи таъсиргузор аст, ки дар ҳамкорӣ бо донишгоҳи SOAS дар Лондон баргузор гардид. Дар барнома, ки дар театри "Brunei gallery lecture" баргузор шуд, теъдоде аз алоқамандон ва донишҷӯёни забони форсӣ аз саросари Биритониё ҳузур доштанд,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни барнома ҳунармандон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Амонқулова, Хуршед Иброҳим ашъори Абуабдуллоҳ Рӯдакиро хондаанд, ки мавриди истиқболи ҳозирон қарор гирифтааст.