arzon replenishment
Дар Красноярск ба як ронандаи тоҷик барои ғамхорӣ дар ҳақи кӯдаки рус мукофот медиҳанд
704

Дар шаҳри Красноярски Русия ба як ронандаи тоҷик барои ғамхориаш дар ҳақи як писарбачаи рус изҳори миннатдорӣ намуданд.

Тавре расонаҳои русӣ навиштаанд, ронандаи тоҷик Зокир Ҷалилов нисбат ба тақдири як кӯдаки рус бетараф намонда, писаракро сиҳату саломат ба дасти волидонаш супурдааст. Ҳодиса дар рӯзҳои таътили зимистон рӯй дода, шоми торик як писарбачаи рус ба автобуси ин ронандаи тоҷик нишаста, иқрор шудааст, ки пулҳояшро кашида гирифтанду роҳкиро надорад. Зокир Ҷалилов натанҳо кӯдакро бе пул бурдааст, балки ӯро шахсан худаш ба хонаашон бурда, сиҳату саломат ба дасти волидонаш супурдааст.

Роҳбарияти Дептранс барои ғамхорӣ дар ҳақи кӯдак ба ронандаи тоҷик номаи миннатдорӣ супурда, мукофотпулӣ низ ваъда кардааст.

Зокир Ҷалилов зодаи Истаравшан буда, ба ҳайси ронандаи автобус дар ин шаҳр кор мекардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД