Чанд лаҳза пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари нохуше пайдо шуд, ки шаби гузашта дар шаҳри Конибодом аҳли оилаи як муҳоҷири меҳнатии тоҷиро барои пул беҳармона ба қатл расонидаанд.
Гуфта шудааст, ки рӯзи 28- май шавҳари зан аз Русия 400 ҳазор рубли русӣ равон кардааст. Ин хабар ба гӯши ғоратгарон расида, бегоҳи 29 май, тахминан соатҳои 21.00 ба хонаи онҳо зада медароянд ва барқро хомӯш намуда, занро бо 2 фарзандаш, ки яке дар синфи 9 ва дигарӣ дар синфи 11 таҳсил мекардааст, бераҳмона ба қатл мерасонанд. Тафсилоти дигари ҳодиса маълум нест.
Мо ба хотири фаҳмидани ҳақиқати ҳол ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ занг задем, вале моро ба Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд роҳнамоӣ намуда, рақамҳои заруриро доданд. Аммо чанд маротиба занг зада бошем ҳам, мутаассифона телефон хомӯш буд.
Oila. tj ин мавзуъро пайгирӣ хоҳад кард. Интизор бошед, бо пайдо шудани маълумотҳои тоза дар ин бора мо шуморо аз ҳақиқати ҳол огоҳ месозем.