Афроде, ки дар ободонии Ватан саҳм гузоштаанд, ҳамеша дар маркази диққати сарвари давлат қарор доранд.
Аз номи президенти мамлакат ба ин тоифа тез-тез кӯмакҳои гуногун расонида мешавад.
Дар шаҳри Кӯлоб ба собиқадорони соҳаҳои гуногуни давлатӣ аз номи президенти мамлакат кӯмак расонида шуд.
Кӯмаки расонидашуда аз орд, равған, картошка, пиёз ва дигар анвои хӯрока иборат буда, онро Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода аз номи роҳбари давлат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба собиқадорон супурд.
Дар арафаи ҷашнҳои миллӣ расонидани кӯмак ба собиқадорон дар доираи сиёсати ғамхоронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо супориши раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ҳукми анъана даромадааст. Ин навбат низ ба истиқболи Рӯзи парчами Тоҷикистон ба онҳое кӯмак карда шуд, ки дар рушду нумуи соҳаҳои гуногуни мамлакат хизмат кардаанд.