sebiston july new
Дар Кӯлоб Маркази таълимии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ боз шуд
331

 

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷараёни сафараш ба шаҳру ноҳияҳои вилояти дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб Маркази таълимии Донишгоҳи Осиёи Марказиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре ки аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар додаанд, иншооти манзур аз 3 ошёна иборат буда, бо маблағи умумии 2,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Дар ин маркази таълимӣ зиёда аз 20 нафар ба кор ҷалб шудаанд.

Фармоишгари иншоот Авазхон Гадоев мебошад. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ «Идриси Ҷаҳон» таҳия гардида, сохтмони иншоот соли 2019 оғоз ёфта буд. Айни замон дар иншоот корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расонида шудаанд.

“Сарвазири мамлакат зимни шиносоӣ бо имконоти муассиса ва фаъолияти марказҳо таъкид намуд, ки бо истифода аз чунин шароит ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир  шавад”-навиштааст Ховар.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД