tobiston
Дар Хуросон касалии сӯхтанӣ паҳн шудааст
09.07.2025
Фирӯза
173

Дар ноҳияи Хурсони вилояти Хатлон бемории сӯхтанӣ (Сибирская язва) паҳн шуда истодааст. Асосан ҳайвоноти хонагӣ ба ин касалӣ гирифтор мешаванд, вале мардуми маҳаллӣ дар суҳбат бо як расона гуфтаанд, ки ин беморӣ ба як сокинони ҷамоати деҳоти Сарбанд низ гузашта, мард бар асарӣ ин беморӣ аз олам гузаштааст.

Масъулин марги сокини 39-солаи деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон Қамариддин Раҳимовро тасдиқ карда бошанд ҳам, гуфтаанд, ки ин мард на аз касалии сӯхтанӣ, балки бар асари бемории ҷигар (цирроз) аз олам гузаштааст.

Аммо Сомон Раҳимов, бародари марҳум зимни суҳбат ба хабарнигор гуфтааст, ки бародараш Қамариддин рӯзи 30 июн гӯшти гов харида, ҳангоми майда кардани гӯшт ангушташро бурида буд. Як рӯз пас ангушташ варам кард ва саломатиаш рӯз то рӯз бад шудан гирифт. Ҳамин тавр 9 июл бародарашро ба беморхона бурданд ва худи ҳамон рӯз аз олам гузашт.

Бародари дигари марҳум Фазлиддин гуфтааст, ки кормандони мақомоти тафтишотӣ таърихи беморӣ ва натиҷаи ташхиси ҷасадро гирифтанд, то сабаби марги Қамариддин Раҳимовро тафтиш кунанд.

Гуфта мешавад, ки аз ин беморӣ чорвои хонагӣ талаф ёфта истодааст ва аллакай зиёда аз 10 гови мурдаро оташ заданд, то ки беморӣ ба чорвои боқимонда ва одамон сироят накунад.

Ёдрас мешавем, ки чанд рӯз қабл масъулини Вазорати тандурустӣ низ паҳншавии бемории сӯхтаниро дар байни ҳайвонот дар вилояти Хатлон тасдиқ карда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД