toyota motors
Дар Хуҷанд маросими ёдбуди шаҳидони ҶБВ баргузор гардид
08.05.2026
Oila.tj
122

Имрӯз, 8-уми майи соли 2026 дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, воқеъ дар мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд маросими гулгузорӣ ва ёдбуди шаҳидон баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маросим Раҷаб Аҳмадзода, собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони аҳли зиё, ҷомеаҳои меҳнатӣ, омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок намуданд.

Иштирокдорон бар пояи муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг гулҳои тару тоза гузошта, хотираи неки шаҳидону қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ доштанд.

Бояд гуфт, ки айни замон дар вилояти Суғд 2 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 39 нафар шахсони дар ақибгоҳ хизматнамуда зиндагӣ мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД