arzon replenishment
Дар хобат НОБИНО шавӣ, камбағал мешавӣ ё бемор?
29.02.2024
ОИЛА
2150

Салом! Ман шаби гузашта хоби даҳшатноке дидам. Аз шиддати тарсу ҳарос қариб дилам кафида буд. Дар хобам ҳарду чашмам якбора кӯр шуда, дигар тамоман дунёи равшанро намедидам ва зор-зор гиря мекардам. Хобамро ба чанд кас нақл кардам, вале ба таври гуногун таъбир намуданд. Яке мегӯяд, ки шояд ман ягон гуноҳи бузург содир кардаам ва барои ҳамин чунин хоби даҳшатнок дидам, дигари ин хобро нишонаи беморӣ ё сар задани ягон фалокати бузург меномад. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед, то дилам олром бигирад.
Идибек, аз шаҳри Кӯлоб

Посух
Бародари азиз, ором шавед, хоби дидаи шумо нишонаи сар задани ягон фалокати азим нест. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, агар одами камбағал хоб бинад, ки кӯр шудааст, аз камбизоатӣ халос мешавад, вале барои сарватмандон ин хоб чандон хосияти хуб надорад. Марди бадавлат пеш аз сафар ба ягон шаҳри дигар хоб бинад, ки аз биноӣ маҳрум гаштааст, бояд аз баҳри сафар гузашта ҳатман чизеро садақа кунад, то аз балое, ки ба сараш омада истодааст, эмин монад. Дар сурати ба ин хоб беэътиноӣ намуда ба сафар рафтан аз сафари пурхатар ба хона солим баргаштанаш аш амри маҳол аст. Одаме, ки дар хоб худро сечашма мебинад, бояд молу амволашро эҳтиёт намояд, то насиби дузду ғоратгарон нашавад.
Аммо ба чашм сурма кашидан дар хоб фоли нек аст. Марде, ки дар хоб ба чашмони худ сурма мекашад, соҳиби обрӯю эҳтиром хоҳад гашт. Дар хоб дар кафи дастатон сурмаро бубинед, донед, ки худованд шуморо баракати калони пулӣ медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД