Салом! Шаби гузашта ман як хоби бисёр аҷиб дидам. Дар хобам марди қоматбаланди нӯроние даромада, сарамро падарвор сила мекард. Вақте пурсидам, ки бобоҷон шумо кистед, ҷавоб дод,ки писарам ман Ҳазрати Одам алайҳи салом ҳастам. Ҳамин вақт садои азон баланд шуд ва ман аз хоб бедор шуда, дидам, ки субҳ дамидааст. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.
Суҳроб аз Вахш
Посух
Бародари азиз, хоби дидаи шумо фоли нек аст. Тавре кидар хобномаҳо омадааст, касе, ки дар хобаш нахустин инсони офаридаи Худованд-Ҳазрати Одам алайҳи Саломро бубинад, бояд шод шавад, зеро ин хоб нишонаи ба мақоми баланд расидани ӯ ва соҳиби вазифаи баланд гаштанаш мебошад.
Ҷавонмарди донишманд, агар агар хоб бубинад, ки бо Ҳазрати Одам суҳбат карда истодааст, бояд домони илмро маҳкам бидорад, зеро ин хоб далели он мебошад, ки дар оянда шахси хобдида олими намоён ва шахси номдору соҳибэҳтиром хоҳад гашт.
Хоб бинед, ки Ҳазрати Одам либос пўшида истодааст, бидонед, ки сафари муфиде шуморо дар пеш аст. Дар мавриди шунидани садои азон дар хоб бошад, ҳаминро мегӯем, ки азон дар хоб як навъ даъват ба зиёрати Хонаи худо, яъне Каъба аст.
Дар хобномаҳо омадааст, ки агар мард ё зан дар хобаш садои азонро шунавад, хоби дидааш далели хайр буда, аз он огоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида ба наздикӣ ба зиёрати Маккаву Мадина рафта, ҳаҷ мекунад ва «Хонаи Худо»-ро тавоф намуда, ба номи баланди ҳоҷӣ мушарраф мегардад.
Аммо азон гуфтани худи шахс дар хоб нишонаи он аст, ки дуои одами хобдида дар назди Худованд мустаҷоб гашта,аз васвасаи шайтон раҳоӣ меёбад ва ба орзуву муроди худ мерасад. Касе, ки дар хобаш Қуръон хонад, олими дин ва ё шахси намоёне мегардад, ки суханаш пеши дигарон қадру қиммати зиёд дорад.