Sebiston new 2024 october
Дар хоб ҳамроҳи фариштаҳо парвоз кардан чӣ таъбир дорад?
2244

 

Салом! Чанд шаб боз хоб мебинам, ки болу пар баровардаам ва ҳамроҳи фариштаҳо дар осмон парвоз карда истодаам. Мегӯянд, ки парвоз дар хоб хосияти хуб надорад ва касе, ки чунин хоб мебинад, ба ягон фалокат гирифтор мешавад. Ростӣ сахт дар ташвишу изтироб афтодаам. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.
Зариф, сокини шаҳри Душанбе

Посух

Бародари азиз, ташвиш накашед, хоби шумо фоли бад не, баръакс хеле хуб аст. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, агар инсон бинад, ки ҳамроҳи фариштаҳои Худованд ба осмон парвоз карда, дигар ба замин бар нагаштааст, дар зиндагӣ ӯро мақоми баланд насиб гашта, байни мардум соҳибэҳтиром хоҳад гашт. Шахсе, ки бемор аст, агар чунни хоб бинад, ҳамчун инсони покдилу покдомон аз дунё гузашта, дар он дунё дар зери сояи раҳмати Худованд қарор хоҳад гирифт.

Дар хоб бо фариштаҳо ва ё яке аз малоик даст ба гиребон шудан далели ба гирдоби гуноҳ ғӯтида, шармандаю рӯсиёҳ гаштан будааст. Касе хоб бинад, ки лолу карахт ба фариштаҳо менигарад, ба сараш ягон ҳодиса меояд. Фариштаҳо яроқи одамро дар хоб ба зӯрӣ аз дасташ кашида гиранд, далели хайр нест.

Ин хоб гувоҳи бар асари беморӣ аз даст додани қувват, барканор гаштан аз мансаб ва ё аз ҳамсараш ҷудо шудани одами хобдида буда метавонад.
Аммо кас бинад, ки фариштаҳо дар пеши пояш афтида ба вай таъзим карда истодаанд, машҳур мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД