Бахшида ба моҳвораи ҷавонон аз 25-уми апрел то 1-уми май дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад.
Чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гашта, дар доираи фестивал барномаҳои гуногун, аз ҷумла бозиҳои гуногуни варзишӣ, ҳамоиш, машварат ва барномаи консертии «Шоми ҷавонӣ» баргузор хоҳад гашт. Иштирокчиёни фестивал бо мавзеъҳои таърихии ин минтақа шинос хоҳанд гашт.
Мақсад аз баргузории фестивали “Дӯстии ҷавонон” васеъ намудани ҷаҳонбинии насли ҷавон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, шиносоӣ бо фарҳанг, урфу одат ва меҳмоннавозии миллати тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарварӣ ва таҳкими дӯстию рафоқат мебошад.