Arzon march 2024
Дар Хатлон 40 корхонаи нави саноатӣ сохта шуд
748

Дар вилояти Хатлон соли равон 40 корхонаи нави саноатӣ бунёд ёфта, 343 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Дар доираи саноатикунонии босуръати мамлакат дар вилояти Хатлон 40 корхонаи нави саноатӣ сохта шуда, саноатчиёни вилоят дар бадали шаш моҳ ба маблағи беш аз 5 миллиарду 18,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Айни замон дар Хатлон 841 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамоянд. Аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 118 адад, коркард 655 адад, таъминоти неруи барқ, газ, бӯғ, тозакунии ҳаво, таъминоти об ва коркарди партовҳо 68 адад корхонаҳо фаъолият менамоянд. Ин адад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55 корхона зиёд мебошад.

Тавре “Ховар” бо такя ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар додааст, 13 намуди маҳсулоти саноатӣ, аз қабили равғани офтобпараст, кислотаи сулфат, гаҷкартон барои шифт, ки соли гузашта истеҳсол намешуд, имсол истеҳсолаш ба роҳ монда шуд.

Дар маҷмуъ корхонаҳои вилоят 177 номгӯи маҳсулоти саноатиро истеҳсол мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД