formula feb 2025
Дар Хабаровск ба оилаҳои муҳоҷири серфарзанд дигар хона намедиҳанд
339

Думаи давлатии Русия масъалаи қатъ намудани додани сертификати манзилро ба оилаҳои муҳоҷире, ки соҳиби шаҳрвандии Федератсияи Русия гаштаанд, дида мебарояд. Дар ин бора депутати рус Михаил Матвеев дар суҳбат бо расонаҳо хабар додааст.

Депутати Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев дар суҳбат бо хабарнигори URA.RU гуфтааст, ки минбаъд оилаҳои серфарзанди муҳоҷир дар Хабаровск танҳо ба он шарт имконияти гирифтани сертификати манзил ва кумакпулиро барои соҳиби хона гаштан ба даст меоранд, ки 10 сол пеш шаҳрвандии Федератсияи Русияро ба даст оварда бошанд, ё яке аз ҳамсарон дар Русия ба дунё омада бошад.

Ба гуфтаи Матвеев, оилаҳои муҳоҷире, ки солҳои охир шаҳрвандии Федератсияи Русияро соҳиб шудаанд, ҳатто дар сурати фарзандони зиёд доштан низ наметавонанд соҳиби сертификати манзил гарданд.

Михаил Матвеев таъкид кардааст, ки ин пешниҳод аз ҷониби худи Хабаровск ба Думаи давлатӣ ворид шудааст ва дигар вилоятҳои Русия низ имкон доранд, ки бо чунин пешниҳодҳо муроҷиат кунанд.

“Ҳар як минтақа ҳуқуқ дорад барои додани сертификати манзил шартҳои мушаххаси худро гузорад”,- гуфтааст ин депутати рус, ки худ ҷонибдори надодани сертификати манзил ба оилаҳои муҳоҷири шаҳрвандӣ гирифта мебошад.

Дар идомаи суҳбат Матвеев таъкид кардааст, ки масъалаи додани сертификати манзилро ба собиқ оилаҳои муҳоҷир, ки ҳамакнун шаҳрванди Федератсияи Русия ба шумор мераванд, дар сатҳи федеролӣ ҳал кардан лозим аст.

“Барои гирифтани кумакпулӣ барои харидани хона, бояд яке аз ҳамсарон дар Русия зода шуда бошад, ё оила на камтар аз 10 сол дар қаламрави Русия зиндагӣ карда бошад”,- гуфтааст ин депутати рус.

Матвеев мегӯяд, дар ҳоле аксари шаҳрвандони Русия ниёз ба манзил доранд, ба муҳоҷироне, ки дирӯзакак шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, сертификати манил додан аз рӯйи адолат нест, зеро собиқ муҳоҷирон танҳо ба хотири фарзанди бисёр доштанашон ба зудӣ бо кумаки молии давлати рус соҳиби хонаҳои барҳаво мегарданд, вале худи шаҳрвандони Русия азоби бехонагӣ мекашанд ва ё дар шароити душвор зиндагӣ мекунанд.

Михаил Матвеевро депутати дигари Думаи давлатии Русия Бийсултан Хамзаев ҳам дастгирӣ намуда, гуфтааст, ки сертификати манзил бояд пеш аз ҳама ба он шаҳрвнадони Русия дода шавад, ки дар ин сарзамин ба дунё омадаанд. Хамзаев таъкид кардааст, мақомот ва прокуратура шахсонеро, ки барои гирифтани сертификати манзил дар навбат гузошта мешаванд, бояд омӯзанд ва чӣ гуна ба ин рӯйхат афтодани номашонро мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД