Sebiston new 2024 october
Дар Истаравшан чанд намуди нон ҳаст?
3634

 

Зи сурхиҳои нони Истаравшан,

Бигирад ранг рӯи халқу меҳан.

Нон муқаддас аст. Барои пухтани ин неъмати бебаҳо ҳунармандони нонпаз шабу рӯз нагуфта, меҳнат мекунанд ва нонҳои зебову болаззатро омода менамоянд. Нонпазҳои шаҳри Истаравшан низ барои пур кардани хони мардум бо нон ҳамеша дар хизматанд.

Дар ин куҳаншаҳр намудҳои зиёди нонро вохӯрдан мумкин аст, ки баъзе навъҳои он танҳо хоси нонвойҳои Истаравшан мебошанд. Ҳатто истифодаи гунаҳои нон дар ин куҳандиёр рӯзи махсуси худро дорад.

 

Фатир. Дар шаҳри Истаравшан фатирро бештар дар рӯзи фотиҳа, тӯй ва дигар маъракаҳои мардумӣ мепазанд. Барои болаззат ва зебо баромадани он аз равған, қаймоқ ё шир истифода мебаранд. Гирди фатирро бо корд оро дода, ба рӯйи он нонпар ва калидҳои гуногун мезананд. Барои боз ҳам хушмазза ва диққатҷалбкунанда шудани он аз кунҷид ё седона истифода мебаранд. Ғайр аз ин, фатирро бо мавиз, бодому чормағз ё донаки зардолу ороиш медиҳанд. Фатирро дар гузашта соҳиби тӯй мепӯхт, имрӯзҳо ин ба зиммаи нонвойҳо гузаштааст.

Дуккак. Ин намуди нон хеле сахт ва серравған буда, на ҳар кас аз ӯҳдаи пухтани он мебарояд. Ҳангоми омода кардани хамир барои фатири дуккак аз хамиртуруши сунъӣ (дрож) ниҳоят кам истифода мебаранд. Бархеҳо бошанд тамоман аз хамиртуруш истифода намебаранд. Бояд хамири ин навъи нон сахт бошад. Дуккакро ҳамагон дӯст медоранд, вале чун пухтани он вақти зиёд ва ҳавсаларо талаб мекунад, кам нафарон ба пухтани ин нон майл доранд. Ҳатто нонпазҳое, ки дуккак мепазанд, ангуштшуморанд.

Нони хона. Ин навъи нонро азбаски ҳамагон дар хонаашон мепазанду дар ҳар хонадон тарзу намудҳои гуногунашро вохӯрдан мумкин аст, нони хона меноманд. Хамири нони хона на сахту на мулоим балки миёна шуданаш лозим. Дар дохили хамири нони хона хамиртуруш илова мекунанд (хамиртурушро аз хамири пешина гирифта, дар дохили зарфе мегузоранд ва онро бар хамири нав илова мекунанд). Танӯри нони хона аз дигар танурҳо фарқ мекунад. Ин танӯрро бо ҳезум метаспонанд. Ҳар кас вобаста ба табъи худ ба он равған ё шир илова мекунад. Дар бозори марказии шаҳр низ ин навъи нонро пайдо кардан мумкин аст.

Нони пиёзӣ. Тарзи пӯхтани нони пиёзӣ айнан ба мисли нони хона аст. Фақат пас аз омехта кардани хамири он пиёз ҳамроҳ мекунанд. Бархе нафарон пеш аз зувола кардан пиёз илова мекунанд ва зира меандозанд, чунки зира лаззати нони пиёзиро дучанд месозад.

Лочира. Лочираро дар оташи гарми танӯр ду - се дона мепазанд. Он аз хамири нони бозорӣ ва нони хона пухта мешавад. Барои ин навъи нон хамири алоҳида кардан шарт нест. Лочираро хеле нафис ҳамвор мекунанд, сипас ба рӯйи он корд ё ягон чизи нӯгдор мезананд. Аҷоибиаш дар он аст, ки лочираро ба танӯр мечаспонанду лаҳзае нагузашта онро мекананд, зеро он дар оташи гарм зуд пухта мешавад.

Нони ҷаззадор. Барои ин навъи нон ҳам хамири алоҳида шарт нест. Вале бархе нафарон хамири алоҳида карда, ба он ҷаззаи майдарезакардашуда ҳамроҳ мекунанд. Нафарони дигар ҳангоми зувола гирифтан ҷазза илова мекунанд.

Қотурма ё нони дегча. Қотурмаро нони дегча низ меноманд, зеро онро дар дег мепазанд. Дар деги тасфида каме об мепошанду нони ҳамворкардаро мечаспонанд. Пеш аз ин, нонро бо нонпар ва корд ороиш медиҳанд. Ба хамири қотурма равған низ илова мекунанд.

Нони бозор. Дар Истаравшан сари ҳар қадам нонвойхонаҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки дар он нони бозор мепазанд. Зеро ин навъи нонро дар шароити хона ва бо теъдоди кам пухтан ғайриимкон аст. Нони бозорро бештар аз нонвойхонаҳо ва бозор дастрас кардан мумкин аст.

Нони сиёҳ. Нони сиёҳ, ё ба қавле нони гандумиро ба саломатӣ муфид мегӯянд. Ин намуди нонро аз орди навъи дуюм омода мекунад. Нони гандумиро низ танҳо дар бозор вохӯрдан мумкин аст. Ин рӯзҳо, ки талабот ба ин намуди нон кам аст, нонпазҳо аҳёнан нони сиёҳ тайёр мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД