1xbet
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мешавад
152

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон пешниҳод намудааст, ки  дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 15-сола манъ карда шавад. Дар ин бора ӯ дар барномаи шабакаи телевизионии France 2 изҳор доштааст.

«Ман тарафдори манъи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 15-сола ҳастам. Ин корро мо метавонем анҷом диҳем. Зеро ҳамаи ин платформаҳо имкони санҷиши синну солро бо истифода аз шинохти чеҳра ё ID доранд»,- гуфтааст президенти Фаронса.

Макрон афзудааст, ки дар Фаронса аллакай махзани маълумотҳо мавҷуд буда, ҳар як мактаббача рақами инфиродӣ дорад ва аз он метавонад барои тасдиқи синну сол истифода намояд.

Тавре Макрон ишора намудааст, «шумораи зиёди ҳолатҳое мавҷуданд, ки кӯдаконе, ки рафтори хашмгин доранд, дар оилаҳои нопурра ба воя мерасанд ва таваҷҷуҳу тарбияи дуруст намегиранд».

«Ман мехоҳам ба баррасии ин масъала дар сатҳи аврупоӣ ноил шавам. Агар ба он ноил нашавам, ин корро дар Фаронса амалӣ хоҳем кард. Набояд интизор шуд»,- гуфтааст ӯ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД