Arzon march 2024
Дар Душанбе ярмаркаи мактабӣ кушода мешавад
329

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 1 то 31-уми августи соли равон дар пойтахт намоиш-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дод.

Намоишгоҳ ҳамарӯза дар чор ноҳияи пойтахт, аз соати 9:00 то 19:00 баргузор гардида, то оғози соли нави хониш фаъолият менамояд. Дар намоишгоҳ корхонаҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ ба меҳмонон ва мизоҷон дар баробари либос инчунин пойафзол, ҷӯроб, лавозимоти мактабӣ ва дигар ашёи заруриро пешниҳод менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории намоиш-фурӯш таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо сарулибоси ягонаи мактабӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии мамлакат дӯхти либоси мактабиро дар асоси талаботи «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ», ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ таҳия шудааст, ба роҳ мондаанд. Дастурамали мазкур соли 2007 ба тасвиб расида, ба тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод гардидааст. Инчунин аз моҳи январи соли 2018 инҷониб Стандарти давлатии «Либоси мактабӣ» қабул гардида, корхонаҳои соҳа бо риояи талаботи ин стандарт либосҳои мактабӣ истеҳсол менамоянд.

Хариди либосҳои ягонаи мактабӣ аз корхонаҳои саноатии ҳудуди шаҳри Душанбе ба рушди саноати пойтахт, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила беҳтар гардидани шароити кору зиндагии мутахассисони корхонаҳои мазкур заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ба гуфти масъулин, дар миқёси пойтахт иқтидори корхонаҳои дӯзандагӣ баҳри пурра таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ басанда буда, имконияти истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаҳо давоми сол ба таври комил фароҳам оварда шудааст ва хонандагон пурра бо маҳсулоти воридотивазкунандаи хушсифат таъмин мегарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД