Sebiston new 2024 october
Дар Душанбе таваққуфгоҳҳои пулакӣ ба фаъолият оғоз карданд
571

Дар шаҳри Душанбе шуруъ аз имрӯз таваққуфгоҳҳои пулакии автоматикунонидашуда барои автомобилҳо (паркинг/parking) ба кор шуруъ карданд. Дар ин бора Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар додааст.

Ҳадафи асосии ҷорӣ намудани таваққуфгоҳҳои пулакии автоматӣ ба тартиб даровардани ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Душанбе ва кам кардани  тамбашавии роҳҳо бо сабаби нодуруст гузоштани мошинҳо мебошад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилӣ ва фаъолияти роҳдорӣ» фаъолияти таваққуфгоҳҳои музднок дар асоси қоидаҳои ташкил ва истифодабарии таваққуфгоҳҳои музднок амалӣ карда мешавад.

Ин тадбир дар доираи лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои пулакӣ, истгоҳҳои барқдиҳӣ ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (NERU) таҳия ва роҳандозӣ шудааст.

Лоиҳаи таваққуфгоҳҳои пулакӣ як иқдоми навоварона (инноватсионӣ) мебошад, ки ба низоми ташкили фазои таваққуфгоҳҳои шаҳри Душанбе тағйирот ворид мекунад. Он ба ҳалли мушкилоти таваққуфгоҳҳо, таъмини ҳаракати бароҳат ва бемамониати автомобилҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ва пиёдагардон дар шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД