Аз 1 то 3-юми октябр дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2025» баргузор мегардад, ки дар он беш аз 100 ширкати ватанию хориҷӣ иштирок менамоянд.
Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, намоишгоҳ дар «Dushanbe EXPO Centre» баргузор гардида, дар он масолеҳи сохтмонӣ, техника, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисию иртиботӣ ва меъморӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
- Намоишгоҳ чун майдони бузурги имконият барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули таҷриба бо намояндагони соҳаи сохтмон метавонад сабаби шарикӣ ва ҳамкори нав пайдо намудани ширкатҳои дохилию хориҷӣ гардад,- меафзояд манбаъ.