arzon replenishment
Дар Душанбе намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Россия кушода шуд
771

Имрӯз дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонони олиқадр аз Федератсияи Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маросими ифтитоҳи намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Россия дар Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар чорабинӣ вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Александрович Колоколтсев, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Россия Горовой А. В., сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Россия Казакова В. Л., иҷрокунадаи вазифаи директори генералии КВД “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Россия Молодиевский О. А. ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Саҳни бинои Хадамоти муҳоҷират ба таври идона оро дода шуда, меҳмонони олиқадрро гулдухтарони чаканпӯши тоҷик бо нону намак ва рақсҳои зебои тоҷикӣ истиқбол гирифтанд.

Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и ВКД Россияро дар Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронии худ аз ҷумла гуфт:

- Намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и ВКД Россия дар Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи сарони ду кишвар - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия ҷаноби Владимир Владимирович Путин бо кумаки Вазорати корҳои дохилии Россия дар доираи меморандуми байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Россия ифтитоҳ ёфтааст. Намояндагӣ хизматрасониҳои заруриро барои муҳоҷирати муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ ба Федератсияи Россия анҷом медиҳад. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд минбаъд барои фаҳмидани манъи вуруд доштан ё надоштани худ ба намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и ВКД Россия дар Душанбе муроҷиат намоянд. Намояндагӣ бо таҷҳизоти навтарини техникӣ муҷаҳҳаз буда, шахсоне, ки мехоҳанд ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, метавонанд дар ин ҷо аз ташхиси дактилоскопия - изи ангуштон гузаранд, акс бигиранд ва дигар амалиётҳои заруриро анҷом диҳанд. Ба ғайр аз ин, намояндагӣ ба корфармоёни рус дар пайдо кардани мутахассисони баландихтисос кумак намуда, барои ёфтани ҷойҳои кории холӣ дар Россия ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрӣ мерасонад. Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамчунин дар ин ҷо доир ба қоидаҳои буду бош дар Россия, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, гирифтани патент, иҷозатномаи корӣ ва қонунҳои нави муҳоҷиратии ин кишвар машварати ҳуқуқӣ гирифта метавонанд. Ҳадаф аз таъсиси намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и ВКД Россия дар шаҳри Душанбе содда кардани раванди муҳоҷират, осон кардани кори муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо ва рушди муҳоҷирати қонунӣ мебошад.

Владимир Александрович Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Россия дар навбати худ гуфт:

- Фаъолияти ин намояндагӣ барои ҳар ду кишвар хеле манфиатовар мебошад. Имрӯз мо бояд ҳамқадами замон бошем, зеро бо қоидаҳои кӯҳна зиндагӣ кардан дигар ғайриимкон аст. Ифтитоҳи намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и ВКД Россия дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон қабл аз сафар ба Россия дар бораи манъи вуруд доштан ё надоштани худ маълумот бигиранд, ташхиси биометриро анҷом диҳанд ва дигар корҳоеро, ки то ин замон дар Россия анҷом медоданд, дар Ватани худашон гузаронида, бо тайёрии комил ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Ин пеш аз ҳама барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бисёр қулай буда, хатари ба доми фиреб афтодани онҳоро коҳиш медиҳад.

Намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и ВКД Россия дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар суроғаи кӯчаи Айнӣ 121 воқеъ гаштааст. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд минбаъд вақти худро сарфа намуда, бидуни ягон мушкилӣ барои сафари корӣ ба Федератсияи Россия дар ин ҷо аз ташхисҳои зарурӣ гузаранд.

Айни замон намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду ҷониб ҷиҳати ба роҳ мондани гузаштани муоинаи тиббӣ, супоридани имтиҳонҳо, гирифтани маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи барномаҳои Федератсияи Россия дар Тоҷикистон корбарӣ карда истодаанд. Ҳамаи ин барои фаъолияти қонунии шаҳрвандони мо дар ҳудуди Федератсияи Россия заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД