Arzon march 2024
Дар Душанбе Намоиш-фурӯши байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2024” баргузор мешавад
04.10.2024
ОИЛА.ТҶ
1449

Аз 24 то 26-уми октябр дар Маркази байналмилалии намоишҳои шаҳри Душанбе Намоиш-фурӯши байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2024” баргузор мешавад.

Чорабинӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил када шудааст.

Намоиш алакай ба ҳукми анъана даромада, аз соли 2016 инҷониб дар Душанбе соле ду маротиба баргузор мегардад.

Дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд. Дар чорабинӣ намояндагони беш аз 60 ширкат аз Тоҷикистон, Русия, Беларус, Ӯзбекистон, Покистон, Чин ва Эрон ширкат хоҳанд кард.

Иштирок дар намоишгоҳи дарпешистода имкони намоиши муваффақият ва рушди ширкат, тавсеаи муштариён ва афзоиши фурӯш, инчунин бастани шартномаҳо ва ҷалби сармоягузорон мебошад.

Иштирокчиёни хориҷӣ барои пайдо кардани шарикон дар Тоҷикистон маҳсулот ва хидматрасониҳои худро муаррифӣ мекунанд.

Дар пойтахт ширкатҳо аз тамоми манотиқи Тоҷикистон маҳсулоти худро муаррифӣ менамоянд. Инҳо маҳсулоти ба истеъмолкунандагон ошно ва маҳсулоти нав хоҳанд буд.

Боздидкунандагон метавонанд маҳсулот ва хидматрасониҳои инноватсионӣ ва маҳсулоти нави ширкатҳоро баҳогузорӣ намоянд.

Ба намоишгоҳ инчунин миссияҳои тиҷоратии намояндагони мамлакатҳои хориҷӣ ташриф меоранд.

Истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ва дистрибюторҳои ширкатҳои хориҷӣ метавонанд то 15-уми октябр барои ширкат дар намоишгоҳ ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дархост пешниҳод намоянд. Майдонҳои холӣ маҳдуданд.

Маълумот бо телефони (+992) 900 91 99 99

Таджикистан 2024-en

В Душанбе состоится Международная универсальная выставка-ярмарка «ТАДЖИКИСТАН-2024»

С 24 по 26 октября в Международном выставочном центре города Душанбе состоится Международная универсальная выставка-ярмарка «Таджикистан-2024».

Мероприятие организовано Торгово-промышленной палатой Таджикистана при поддержке Правительства Республики Таджикистан.

Выставка стала традиционной и проводится в Душанбе два раза в год с 2016 года.

На выставке ведущие отечественные и зарубежные компании представят свою продукцию. В мероприятии примут участие представители более 60 компаний из Таджикистана, России, Белоруссии, Узбекистана, Пакистана, Китая и Ирана.

Участие в предстоящей выставке – это возможность продемонстрировать успешность и развитие компании, расширить клиентскую базу и повысить продажи, а также заключить контракты и привлечь инвесторов.

Зарубежные участники представят свои товары и услуги с целью поиска партнёров в Таджикистане.

Компании из всех регионов Таджикистана представят свою продукцию в столице. Это будут знакомые потребителям товары и новинки.

Посетители смогут оценить инновационные продукты и услуги, новинки компаний.

Выставку также посетят бизнес-миссии представителей зарубежных стран.

Товаропроизводители Таджикистана и дистрибьюторы иностранных компаний могут подать заявки на участие в выставке в Торгово-промышленную палату Таджикистана до 15 октября. Свободные площади ограничены.

Справки по телефону: (+992) 900 91 99 99

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД