arzon replenishment
Дар Душанбе моли қурбониро дар куҷо забҳ кардан мумкин аст?
91

 

 

Ҳукумати шаҳри Душанбе нуқтаҳои забҳи чорвои қурбониро дар пойтахти кишвар муайян намуд.

Дар ноҳияи исмоили Сомонӣ моли қурбониро дар маҳалла Назаров 149, маҳаллаи Шафак кӯчаи Хӯҷамбиёи поён 121, кӯчаи Нодира 52, Варзоб ГЭС дар кӯчаи Деҳнаваки поён ва дар маҳаллаи Чашмасор кӯчаи Соатов 36 забҳ мекунанд.
Дар ноҳияи Шоҳмансур чорвои қурбониро дар маҳаллаи Бадахшон-2 кӯчаи Шукӯҳӣ 44, дар маҳаллаи Ховарон, дар Чиноро-1 дар кӯчаи Назаршоев 374, дар бозори «Ховарон» дар кӯчаи Айнӣ 259, Фалакон, Кӯштеппа, Яккатут ва Чилмеҳроб забҳ кардан мумкин аст.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорвои қурбониро дар кӯчаи Қаҳҳоров дар наздикии фабрикаи «Шири Саодат», дар маҳаллаи Гулбутта, дар шаҳраки 63 дар кӯчаи Фирдавсӣ 99, дар маҳаллаи 65 дар кӯчаи Фирдавсӣ 35, дар маҳаллаи 46 дар кӯчаи Деҳотӣ ва дар маҳаллаи Крупская забҳ мекунанд.

Дар ноҳияи Сино моли қурбонӣ дар кӯчаи Пахтакор 70, дар маҳаллаи Борбад дар кӯчаи Тургенев 29, дар маҳаллаи Роҳи нав кӯчаи Раҳмон Набиев 292/2, дар маҳаллаи Ҳаёти нав, хонаҳои 74 ва 313, дар Деҳи Боло 200, дар Камонгарон дар кӯчаи Ҳувайдуллоев 252, дар маҳаллаҳои Ҳисорак, Панҷрӯд, Навободи боло 79, Ҳамадони, Деҳи боло 222, дар маҳаллаи Испечак 1 дар наздикии сафоратхонаи Амрико, дар кӯчаи Шодоб 153 ва Лучоби боло 82 забҳ карда мешавад.
Иди Қурбон рӯзи ҷумъа, 6- июн таҷлил гашта, намози ид соати 5:45 оғоз хоҳад ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД