Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, 16-18-уми сентябри соли 2025 нахустин маротиба дар шаҳри Душанбе Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ баргузор мегардад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар форум роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, масъулини мақомоти маҳал, корпуси дипломатии муқими Душанбе, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои сайёҳии мамлакат, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода месозанд, коршиносонии соҳа, марказҳои иттилоотию хизматрасонӣ, рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ ва блогерон иштирок менамоянд.