goodwell
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ тақсимоти мутахассисони ҷавон сурат гирифт
01.05.2026
Oila.tj
44

Имрӯз, 1-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тақсимоти мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ барои соли таҳсили 2026-2027 баргузор гардид.

Бино ба иттилои донишгоҳи мазкур, дар чорабинӣ сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Саъдуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, намояндагони Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Дар рафти тақсимот 359 нафар хатмкунанда, аз ҷумла 97 нафар тибқи квота, аз рӯйи ихтисос ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар карда шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД