Бар асари таркиши баллони газ дар маҳаллаи Чортути пойтахт ду нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи 21-уми октябр, тахминан соатҳои 12:45 дар кӯчаи Чортут-1 сар зада, баллони гази 45-литрӣ таркидааст. Гуфта мешавад, ки баллонро Бахтиёр Боев, сокини шаҳри Душанбе ба ҳавлии Фирӯза Камоловаи 71-сола овардааст.
Бар асари таркиш ду нафари 23 ва 24-сола ҷароҳат бардошта, ҳарду дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.