Пагоҳ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо оғоз ёфта, ин сабқати варзишӣ то 10-уми ноябр идома хоҳад кард. Шарафи варзишии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз 7 нафар варзишгарон ҳимоя мекунанд.
Тавре Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар додааст, дар ин мусобиқа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 варзишгар - Акмалиддин Каримов дар вазни 58 кг, Сорбон Латипов дар вазни 64 кг, Муҳаммадисо Раҷабов дар вазни 71 кг, Деваштич Убайдӣ дар вазни 79 кг, Зафар Олимшоев дар вазни 88 кг, Масъуд Қуқаншоев дар вазни 58 кг ва Худоёр Раҷабзода дар вазни 71 кг қувваозмоӣ мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки дар даврони Истиқлол се паҳлавони тоҷик унвони чемпиони ҷаҳон оид ба самборо ба даст оварданд, ки инҳо Беҳрӯз Хоҷазода (соли 2017), Хушқадам Хусравов (соли 2018) ва Акмалиддин Каримов (соли 2021) мебошанд.