Ману Сарвиноз ҳамдигарро дӯст медорем. Аҳд намудаем, ки баҳор тӯй карда, риштаи тақдирамонро мепайвандем. Аз ишқи ману Сарвиноз ҳама наздиконамон огоҳанд, ба ҷуз модарам.
Бо модари арӯсам ҳар рӯз суҳбат мекунем ва гаштаю баргашта «Дилпур бошед, духтаратонро аз даст намедиҳам» мегӯям. Чанд шаб пеш аз апаам хоҳиш намудам, ки ба модарам хабари ошиқиамро расонда, кори хайр-издивоҷамонро тезонад. Модарам бо шунидани хабари ошиқиам ба ғазаб омада, барошуфт ва «Кадом кӯчагард туро ба домаш афтондааст, то зинда бошам, намемонам, ки писари ман аз шаҳр духтари бероҳаеро ёфта гирад» гӯён, ғавғо бардошт. Ҳатто чанд рӯз бо ман гап назад.
Ба падарам низ гуфтааст, ки сағераат ба як фоҳишаи шаҳрӣ ошиқ шуда, ӯро гирифтанист. Падарам низ маро суханҳои сахт гуфта, таъкид кард, ки аз деҳа зан мегирӣ ва намегузорам, ки сумкабардори ким кадом духтари ношиноси шаҳрӣ гардӣ. Покии ишқамонро фаҳмондам, вале модарам маро ҳатто фаҳмидан нахост ва таъкид намуд, ки келинро худаш меёбад. «Хонданӣ рафтаӣ, аз паси таҳсилат шав! Дуюмбора дар бораи он сабукпо нашунавам, вагарна...”
Сарвиноз аз ин моҷаро бехабар аст, фаҳмад, яқин аз ман сахт меранҷад. Чашмонам ҳавзи об шуданд, хостам моҷарои модарамро барояш қисса кунам, вале забонам нагашт.
Модари сангдили ман ҷияни худашро келин карданист ва мудом «Духтари тағоятро бигир, падараш пулдор аст, гарнитури қиммат мебиёраду як умр ҷиянам хизматамро карда мегардад”, мегӯяд. Ман духтари тағоямро чашми дидан надорам, бар замми ин, вай як девсифати баднамуд аст. Кӯдак нестам, ки ҳар чӣ ки хоҳанд, бароям раво донанд, охир бача баъди 18-солагӣ озод аст ва хости дилаш бояд амал намояд. Намедонам бо модари молпарастам чӣ кор кунам! Ӯ маро шунидан намехоҳад. Асабҳоям харобанд ва сарамро ба куҷо задану аз кӣ мадад пурсиданамро намедонам. Аниқтараш, сарҳисоби зиндагиямро гум кардаам. Илтимос, маслиҳатам диҳед!
Муслим, аз ш. Турсунзода