Дар Бохтар ба ифтихори Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон мусобиқаи вилоятӣ оид ба таэквондо баргузор гашта, дар он варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои гуногун ширкат варзиданд ва ҳунару маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ғолибони мусобиқаро бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ намуд.
Ёдрас мешавем, ки таэквондо ВТФ яке аз намудҳои маъмули варзиши олимпӣ ба ҳисоб рафта, дар кишвари мо дӯстдорони зиёд дорад. Насли наврас пайваста талош меварзанд, ки дар ин намуди варзиш ҳунару маҳорати худро намоиш дода, парчамбардори Ватан гарданд.
Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 10-уми август Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш мебошад.