arzon replenishment
Дар Боғи Фирдавсии пойтахт ҷашни Сада баргузор мегардад
296

Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе пагоҳ, 1-уми феврал ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад.

Ҷашни Сада дар Боғи Фирдавсӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гашта, дар ҷашнгоҳ гулхан афрӯхта мешавад. Ҳамчунин намоиш-фурӯши техникаи соҳавӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили тухмии зироатҳои гуногун, ниҳоли дарахтони сабзу мевадиҳанда ва гулу буттаҳои орошӣ дар назар дошта шудааст.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд дар атрофи гулхани дар боғ афрӯхташуда шодмонӣ карда, лаззати таомҳои миллиро чашанд.

Сада яке аз идҳои қадимтарини мардуми ориёинажод буда, таърихи бой дорад. Ин ҷашн рамзи пайдоиши нур, гармӣ ва пирӯзии инсон бар сардию зулмот мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД