Дар Атушбозори шаҳри Хуҷанд аз сӯрохии ҳоҷатхона кӯдаки навзодеро паёдо кардаанд.
Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ п аҳн гаштааст, дида мешавад, ки тифлак дар латта сахт парпеч карда шуда, даҳонашро низ бо скотч маҳкам кардаанд, то ки садояшро касе нашунавад.
Тахмин меравад, ки модараш баъди таваллуд кардан даҳони кӯдакро бо скотч маҳкам карда, ин тифлаки бегуноҳро ба ҳоҷатхона партофтааст.
Манзараи чи тавр аз сурохии ҳоҷатхона баровардани ин тифли маъсум дили инсонро пора-пора месозад. Бовари кас намеояд, ки зан-модар чунин ваҳшонияти бузургро нисбати фарзанди навзодаш, ки тоза чашм ба олами ҳастӣ кушодааст, раво дида метавонад.