Имрӯз, 21-уми май Рӯзи байналмилалии чой аст. Таркиби чой аз танин, кофеин, сафедаҳо ва аминокислотаҳо, фосфор, фтор, калий, карбогидратҳо, пектин ва витаминҳои гуногун бой аст. Дар садсолаи охир олимон хусусиятҳои чойро ҳамаҷониба омӯхта, ба таври илмӣ ба саломатӣ фоидаҳои зиёде доштани онро исбот намудаанд.
1. Нӯшидани 3 пиёла чой дар як рӯз рагҳоро васеъ ва бемориҳои дилу рагро пешгирӣ намуда, хатари ба сактаи дил гирифтор гаштани инсонро 20% кам мекардааст.
2. Чой қисми одамро аз нурҳои ултрабунафш муҳофизат мекунад.
3. Нӯшидани чой асабро ором карда, дар мубориза бо изтироб (стресс) ёрӣ мерасонад.
4. Чойи кабуд ва сиёҳи босифат ба муолиҷаи касалиҳои меъдаву рӯда кумак мекунанд.
5. Чой барои дандонҳо, махсусан милки дандон фоида дорад.
6. Нӯшидани чой ҷараёни мубодилаи моддаҳоро дар организм фаъол гардонида, дар мубориза бо саратон ёрӣ мерасонад.
7. Чойнӯшӣ ба гирифторони касалиҳои чашм муфид будааст.
8. Ба гирифторони диабети қанд низ бештар чой нӯшиданро тавсия медиҳанд, зеро он ба пастшавии сатҳи қанд дар хун ёрӣ мерасонад.
Зарари чой
1. Ҳама чиз, аз ҷумла нӯшидани чой низ бояд меъёри муайян дошта бошад. Истеъмоли аз ҳад зиёди чой барои занҳои ҳомила хатарнок аст.
2. Чойро дар меъдаи холӣ нӯшидан мумкин нест. Чой «табиати хунук» дорад ва ба меъдаи холӣ ворид шуда, испурч ва меъдаро сард мегардонад, ки баъди ин одамро ҳиссиёти ногувор фаро мегирад. Аз қадим чиниҳо маслиҳат медоданд, ки «ба шиками холӣ чойро нанӯшед!».
3. Нӯшидани чойи сӯзон зарар дорад, зеро чойи аз ҳад зиёд гарм ба гулӯ, сурхрӯда зарар дорад.
4. Табибон мегӯянд, ки ҳамеша чойи ҳарораташ аз 62 боло нӯшидан девораҳои меъдаро маҷруҳ карда, ба бемориҳои гуногуни меъда оварда мерасонад. Беҳтар аст, ки ҳарорати чой аз 52 поён бошад.
5. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки чойро пеш аз истеъмоли таом нанӯшед. Агар ташна бошед, чойро 20-30 дақиқа пеш аз оғози истеъмоли таом нӯшед, беҳтар аст. Баъди тановули таом низ дарҳол чой нанӯшед. Ҳам чой ва ҳам дигар нӯшокиҳо дар чунин лаҳза ба суст гаштани кори узвҳои ҳозима сабаб мегарданду инсон худро беҳолу бемадор ҳис мекунад. Айни муддаост, агар шумо баъди хӯрокхӯрӣ 20-30 дақиқа сабр карда, баъд ба чойнӯшӣ оғоз намоед.