Formula novemver 2024
Далер Ҷумъа сабаби бебарқии сокинони Панҷакентро шарҳ дод
469

 

Ҳарчанд фасли тобистон асту дар ягон гӯшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон расман “лимит”-и барқро эълон накардаанд, вале тибқи номаҳои шикоятии сокинони чандин шаҳру навоҳии вилояти Суғд, ки ба “Oila” ирсол кардаанд, аллакай норасоии барқ тӯли чанд рӯзи охир ба назар мерасад.

Аз ҷумла, чанд сокини шаҳри Панҷакент бо ирсоли аксу наворҳо ба суроғаи мо гуфтанд, дар чандин деҳаҳо дар давоми рӯз 2-3 маротиба барқро соатҳо хомӯш мекунанд.

“Набудани барқ, алалхусус, шомгоҳӣ ҳангоми хӯрокпазиву хӯрокхӯрӣ сокинони деҳаҳоро ба ташвиш овардааст. Маҷбурем ба мисли даҳсолаҳо қабл аз шамъ истифода барем”, - навишта буданд онҳо.

Имрӯз зимни нишасти хабарии Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар хабарнигори сомона ин масъаларо аз вазир пурсид.

Далер Ҷумъа, вазири ин ниҳод, даъвои сокинонро тасдиқ карда, гуфт, дар ҳақиқат, бинобар сабаби гарм омадани рӯзҳои охир талаботи аҳолӣ ба барқ афзудааст.
“Аз сабаби оне, ки иқтидори обпартоҳо ҷиҳати захираи об норасоӣ мекунад, баъзан идораҳои барқи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маҷбур мешаванд рӯзона барқро хомӯш намоянд”, - гуфт вазир .

Мавсуф ваъда дод, ки сар аз 1 август маҳдудият пурра бардошта шуда, минбаъд сокинони ин вилоят аз нерӯи барқ танқисӣ намекашанд.

“Мо аз 1 август аз самти ҷануб содироти барқро ба Узбекистон афзоиш дода, аз самти шимол воридотро зиёд мекунем. Ба ғайр аз ин, нақша дорем, ки аз силсилаи нерӯгоҳҳои дарёи Вахш як хатти баландшиддати 500-киловатта ба вилоят равона шавад. Ин имкон медиҳад ,ки дар оянда норасоии барқ дар вилоят дигар мушоҳида нахоҳад шуд”, - гуфт вазир.

Боиси тазаккур аст, ки аллакай аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ ба унвонии мо чунин шикоятҳо расида истодаанд. Масъулин ваъда доданд, ки дар рӯзҳои наздиктарин тамоми мушкилот бартараф хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД