Бо муҳаббат оила барпо кардем. Аз рӯзи аввал хушдоманам намехост, ки мо бо ҳам бошем. Бо ҳар баҳона духтарашро ба хонааш даъват карда, баъдан намегузошт, ки ба хона баргардад.
Бо ҳамин аҳвол соҳиби ду фарзанд шудам. Модарарӯсам дид, ки бо ягон роҳ моро аз ҳам ҷудо карда наметавонад, духтарашро шантаж карда дар наздаш шарт гузошт: «аз ду якеро интихоб кун-ман ё шавҳарат?! Дубора ба хонаи шӯят равӣ, аз баҳри ту барин духтар гузашта оқат мекунам!» Ҳамсарам ин шарти ҷонгудози модарашро бо чашмони гирён ба ман нақл кард. Дигар чора набуд, мо бояд ҷудо мешудем. Дилам реш-реш бошад ҳам, худро мард гирифта гуфтам: «Модарат домоди аз ман беҳтар ёфта бошад, майлаш, шавҳар кун, ман садди роҳат намешавам». Рӯзи дигар модарарӯсам духтарашро ба суд бурда, маҷбур кардааст, ки барои ҷудо шудан ариза нависад. Бо сабаби фарзанд доштанамон суд ба мо шаш моҳ муҳлат дод, то нағзтар фикр карда, баъд ба хулосаи ниҳоӣ биёем. Ростӣ, дар бадали шаш моҳ ман ягон бор зану кӯдаконамро суроғ карда нарафтам, чунки дилам аллакай монда буд. Ҷигарам барои писарчаҳоям месӯхт, аммо ғурури мардӣ намегузошт, ки ба дари хонаи хушдоманам равам. Аксар вақт овози фарзандонам дар гӯшам садо медод, тасаввур мекардам, ки чӣ тавр ҳардуяшон «дадаҷонам омад» гӯён ба сӯям медаванд, вале чун чашмонамро боз мекардам, боз ҳамон хонаи холӣ буду мани танҳову зор. Аламовараш он буд, ки ман дигар ба бозгашти онҳо ягон зарра умед надоштам. Боварӣ доштам, ки ҳукми хушдоманам моро абадан аз ҳам ҷудо кард. Шояд шумо гумон кунед, ки ман ягон айби калон доштааму инро пинҳон медорам, вале дар асл чунин нест. Ягона айби ман бе падар буданам буд. Хушдоманам ҳамеша «духтарамро ба як сағераи пойлуч дода ҳайфи зор кардам» гӯён, маро таънаю маломат мекард, ҳарчанд ятим бошам ҳам, бе хонаву дар ва гуруснаю бенаво набудам. Ҳамин паст заданҳои хушдоманам ҷони маро ба лабам расонида, диламро аз зиндагӣ хунук карда буд, барои ҳамин мубориза бурдан намехостам.
Қисса кӯтоҳ , муҳлати ҷудо кардаи суд ба охир расиду рӯзи даъват ҳам фаро расид. Вақте ба толори суд ворид шудам, писарчаҳоям тозон ба сӯям давиданд ва ҳарду аз ду банди поям дошта гирякунон бо як овоз тавалло карданд: «Дадаҷон, моро напартоед! Бибиам моро сағера мегӯянд, илтимос, моро ба хонаи худамон баред!»
Дилу ҷигарам бо шунидани ин суханони писарчаҳоям гӯё об шуда ба замин рехт. Ашк дар чашмонам ҳалқа зад ва хам шуда ҳардуяшонро ба оғӯш гирифтам. Оби дидаи фарзандонам рӯякашонро мешуст. Ҳамсарам низ қатори мо зор-зор гиря мекард. Судя ин ҳолати моро дида оҳи сабук кашида гуфт: «Ба фикрам дигар ҳоҷати дидани аризаи шумоён нест, ҳамин тавр не?» Ману занам бо аломати ризо сар ҷунбондем ва аризаҳоямонро бозпас гирифта ҳарду хандон аз толор баромадем. Аз афташ оби дидаи набераҳояш ба хушдоманам ҳам таъсир кард, ки дигар монеъ нагашт.
Ҳамин тавр як сухани тифлакони бегуноҳамон оилаи моро, ки ба пош хӯрданаш ҳамагӣ панҷ дақиқа вақт монда буд, аз вайронӣ наҷот дод. Илоҳо ягон оила вайрону ягон кӯдак зиндаятим нашавад!
Субҳиддини Мурод, сокини шаҳри Душанбе