Sebiston new 2024 october
Чойи кабуд ҷавону зебо месозад, вале...
1637


Дастурхонро бидуни чой тасаввур кардан ғайри имкон аст, махсусан дар хонадони мардуми тоҷик дар баробари нон чой як ҷузъи асосии хон ба шумор рафта, то чойники ҷой ҳозир нашавад, сари датурхон намешинанд. Сӯҳбатҳои дӯстона низ сари як пиёла чой сурат мегиранд, вале...

              Чой нӯшидан фоида дорад ё зарар?
Баъзе одамон ҳатто дар ҳавои гарм низ ба ҷойи об чойи кабуд ё сиёҳ менӯшанд, вале бархи дигар мегӯянд, нӯшидани чой баъди таом зарар дорад. Биёед бубинем, ки дар асл нӯшидани чой ба инсон фоида драд ё зарар?
Олимон чӣ мегӯянд?
Олимон тадқиқотҳои зиёде гузаронида, исбот кардаанд, ки нӯшидани чойи гарм ба саломатӣ фоида дорад. Чой бар замми он ки ташнагиро мешиканад, ҳамчунни асабро ором карда, табъи касро болида мегардонад.

Чойи кабуд беҳтар ё чойи сиёҳ?

Чойи кабуд нисбат ба чойи сиёҳ фоиданоктар будааст. Ин навъи чой сатҳи холестиринро дар хун паст карда, фаъолияти дилу рагҳоро ба эътидол меорад. Чойи кабудро манбаъи ҷавонӣ низ мегӯянд, зеро он раванди пиршавиро суст мекунад. Нӯшидани чой барои мағзи сар низ фоиданок мебошад ва ҳатто одамро оқилтар мекунад.

Зарари чойба организми инсон

Чой дар баробари фоидаҳои зиёд доштан ба организми инсон зарар ҳам дорад. Азбаски мо бисёр мардуми чойхурак ҳастем, донистани фоидаву зарари он аз манфиат холӣ нест.
Муҳаққиқони соҳаи тиб бар он назаранд, ки нӯшидани чойи аз ҳад гарм, яъне сӯзон ба саломатии инсон хатари ҷиддӣ дорад. Чойи аз ҳад гармро зиёд нӯшидан эҳтимоли ба касалии саратонро гирифтор гаштани инсонро меафзояд. Ба қавли профессор Ведат Грал "хатари нӯшидани чойи гарм дар афроди тамокукаш, эҳтимоли гирифторшавӣ ба бемории саратонро ду баробар афзояд, чунин ҳолат ба шахсони машруботистеъмолкунанда панҷ баробар аст."
Ба гуфтаи парҳезшинос Марина Макиша (манбаъ РИА Новости)"шахсоне, ки ба захми меъда ва рудаи дувоздаҳаншушта гирифторанд, инчунин нафароне, ки дар меъда туршии зиёд доранд, бояд аз истеъмоли чой худдорй намоянд, зеро дар баъзе мавридҳо чой ба луобпардаи рӯдаву меъда осеб расонида метавнад."
Чойи гарм метавонад боиси тезшавии тапиши дил ва аз ҳад зиёд ҷудо шудани шарбати меъда гардад, аз ин рӯ одамони гирифтори гипертония ва атеросклероз бояд камтар чой нӯшанд.

Иистеъмоли зиёди чойи кабуд метавонад боиси пайдоиши сангҳои гурда низ гардад.
Генри Шарп отоларинголог ва ҷарроҳи пластикии бритониёӣ муайян кардааст, ки чойи гарм метавонад ба рагҳои гулӯ ва бинӣ таъсири манфӣ расонад. Буғи чой боиси васеъ шудани онҳо ва хунравии бинӣ мегардад, зеро ҳарорати оптималии чой 50-60 дараҷа аст. Барои ин пас аз дам кардан чойро дар ҳарорати хонагӣ 5-7 дақиқа гузошта, баъд нӯшидан лозим аст.
New England Journal of Medicine дар бораи одамоне, ки чойи хеле талх менӯшанд, маълумот додааст. Зани 47-сола 17 сол 100-150 халта чой менӯшад. Дар натиҷа дандону устухонҳо бениҳоят шикаста мешаванд. Ин ҳама бо сабаби дар устухонҳо ҷамъ шудани фторид аз ҳисоби чойи талх аст.

Чойнӯшӣ ба анемия гирифтор месозад?

Тадқиқоте, ки соли 2011 дар Донишгоҳи Калифорния гузаронида шуд, нишон дод, ки чой имкон намедиҳад ҳангоми хӯрок хӯрдан оҳан ба бадан ворид шавад. Аз ин рӯ, табибон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ ва шом чой нахӯранд. Чойро 20 дақиқа пас аз хӯрок нӯшидан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД