Дар кинотеатри “Ватан” бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо намояндагонии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон оид ба тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемории фарбеҳӣ чорабинии иттилоотию маърифатӣ баргузор гашт, ки дар он донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, зимни баргузории чорабинии мазкур суҳбат ва викторинаҳо оид ба кам кардани хатари бемориҳои ғайрисироятӣ, нақши фаъолияти ҷисмонӣ дар таҳкими саломатии одамон ва умуман коҳиш додани вазни зиёдатӣ ва бемории фарбеҳӣ дар ҳама синну сол ташкил гардида, масъалаҳои мазкур муҳокимаронӣ карда шудаанд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз шиору навиштаҷот оид ба ғизои солим ва коҳиш додани хатари бемории фарбеҳӣ таҳия, нашр ва пешниҳоди иштирокчиён гардонида шудаанд.
Инчунин видеороликҳо дар байни гурӯҳҳои синну соли гуногун оид ба фаъолияти ҷисмонӣ аз ҷониби иштирокчиён хуб пазируфта шудаанд.
Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории чорабинии мазкур - ин баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии аҳолӣ вобаста ба манфиати машғул шудан ба тарзи ҳаёти солим, истеъмоли ғизои дуруст ба шумор меравад.